Т рененрон барои гузаронидани омӯзиш оид ба тарбияи мусбӣ, барои омӯзгорон ва водидайн (short-term service provided trainers)

Наименование объявления: Т рененрон барои гузаронидани омӯзиш оид ба тарбияи мусбӣ, барои омӯзгорон ва водидайн (short-term service provided trainers)
Дата публикации: 2024-04-12 17:47:17
Крайний срок / Deadline: 2024-04-21 19:44:00
Этап: Активный
Организатор: Good Neighbors International in Tajikistan
Юр. адрес организатора: Dushanbe, G.Zavkibekova str. 34/3
Область реализации проекта: Душанбе
Отрасль: Прочее
Тип объявления Тендер
Контактное лицо: Nigina Shukurova
Контактный E-mail: gnt.humanresources@gmail.com
Контактный телефон: +992778885402

Филиалиташкилотиғайритиҷоратиибайналмилалиибашардӯстонаи  «Good Neighbors International» дарҶумҳурииТоҷикистонбароигузаронидани омӯзиш оид ба тарбияимусбӣ, барои омӯзгорон ва водидайн трененрониботаҷрибародаъват менамояд.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: 21.04.2024

Таҷрибаи корӣ (гузаронидани тренингҳо): На кам аз се сол

Ҷойгиршавӣ: ш.Душанбе, Вилоятҳои Тобеи Ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд.

Навъи шартнома: Шартномаи хизматрасонӣ

Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда,  соли 1991 дар Корея таъсис ёфтааст. Международное Добрососедство дар 44 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои  донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.  

Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва мазҳаб эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.

 Дар мувофиқа бо рисолати мо, Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, ood Neighbors International (GNIT) нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.

Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор  ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама  ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд  ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account  нигаред.

Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ дар доираи лоҳаи «Барҳам додани зӯроварӣ нисбати кӯдакон: Равиши муштарак» барои гузаронидани омӯзиши оид ба тарбияи мусбӣ, барои омӯзгорон ва водидайн тренерони бо таҷрибаро ба кор даъват менамояд.

Уҳдадорихо:

·       Гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ мувофиқи маводи барномаи таҳияшуда.

·       Пешниҳоди маслиҳатҳо ва стратегияҳои амалӣ барои муаллимон ва волидон барои татбиқи интизоми мусбӣ дар ҳаёти ҳаррӯза.

·       Мусоидат дар фароҳам овардани фазои дастгирӣ ва ҳамкорӣ байни иштирокчиёни омӯзиш.

·       Дастгирии иштирокчиён дар татбиқи донишҳои гирифташуда дар фаъолияти амалӣ.

·       Пешниҳоди ҳисобот оид ба раванди омӯзиш

·       Пешниҳоди натиҷаи саволномаҳои ибтидоӣ ва интиҳоӣ бо нишон додани фоизи инкишоф.

Талабот :

·       Таҷриба дар соҳаи маориф, психология ё соҳаҳои алоқаманд

·       Донистани асосҳои интизоми мусбӣ ва татбиқи он дар заминаҳои таълимӣ ва оилавӣ.

·       Таҷриба дар гузаронидани ҷаласаҳои омӯзишӣ бо истифода аз роҳу усулҳои фаъоли таълим ва кор бо шунавандагони гуногун.

·       Муоширати аъло ва малакаҳои байнишахсӣ.

·       Омодагӣ ба кор кардани соатҳои тағйирпазир ва кори дастаҷамъӣ.

Маълумоти иловагиро дар бораи ҷойи кории холӣ ТАНҲО ҳангоми мусоҳиба гирифтан мумкин аст.

РЕЗЮМЕ ва ё ШАКЛИ АНКЕТАИ “GOODNEIGHBORSGNT-Application-Form (анкетаи ташкилотро аз сомона боркашӣ намоед ва ё ба ташкилот муроҷиат намоед – суроға дар зер нишон дода шудааст) ва ба суроғаи электронии зерин фиристед: gnt.humanresources@gmail.com и arina.nam@goodneighbors.org

Суроғаи ташкилот: ш.Душанбе, кӯч. Г. Завқибекова 34/3 (назди театри лухтак, Стадиони «Спартак», Боғи бачагона).

Маълумоти иловагиро оид ба ташкилот метавонед дар сомонаҳои зерин пайдо намоед:

www.goodneighbors.org

www.goodneighbors.tj

https://www.facebook.com/gntajikistan/

https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/

https://www.linkedin.com/company/15834558/


Имя Размер
5 TJ_GNIT-Application-Form.docx 64,02 Kb